Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба расонаи саҳюнистии Таймс оф Исроил, дафтари сарвазири режими саҳюнистӣ аз лағви сафари рӯзи чоршанбеи “Бинёмин Нетаняҳу” ба Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.
Бар асоси эълони ин расона, дафтари “Нетаняҳу” эълон кард, ки сарвазир тасмим гирифтааст сафари худ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки қарор буд аз 7 то 11 май сурат гирад, ба таъхир биандозад.
Дафтари сарвазири режими саҳюнистӣ иддао кард: Бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти Навори Ғазза ва Сурия ва ба далели барномаи фишурдаи сиёсӣ ва амниятӣ, сарвазир тасмим гирифт, ки сафари худ ба Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба таърихи дигаре мутаваққиф кунад.
Дафтари “Раҷаб Таййиб Эрдуғон”, раисҷумҳури Туркия, чанд соат пеш эълон кард, ки ин кишвар ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳавопаймои Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири режими саҳюнистӣ, барои сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон боз нахоҳад кард.
Дафтари сарвазири режими саҳюнистӣ қаблан эълон карда буд, ки қарор аст Нетаняҳу аз 7 то 11 майи ҷорӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кунад.
342/
Your Comment